Дар маҷмӯае, ки пешниҳод карда мешавад, ҳамаи ҷабҳаҳои савдои чакана ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ, ки таҳти мушоҳидаҳои оморӣ қарор доранд, бо фаслҳои мавзӯӣ гурӯҳбандӣ карда шудаанд:
1. Нишондиҳандаҳои асосии савдои дохилӣ;
2. Бахши савдои ғайридавлатӣ;
3. Нишондиҳандаҳои асосии савдои давлатӣ ва кооперативӣ;
4. Заминаи моддию техникии савдо;
5. Хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ.
Маълумотҳои оморӣ, ки дар фаслҳо оварда шудаанд, ҳолати савдои чакана ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолиро умуман ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам дар минтақаҳои мамлакат инъикос менамоянд. Ғайр аз он дар якчанд ҷадвал графикҳои таносуб, суръати афзоиш, дараҷаҳои инкишофи гардиши моли чакана дарҷ шудаанд.
Инкишофи дараҷаи физикии намудҳои ҷудогонаи молҳо, бо молҳои истифодаи тӯлонӣ таъмин будани аҳолӣ дарҷ гардидаанд.
Тамоми иттилооти омории маҷмӯаи мазкур дар асоси таҳияи ҳисоботҳои солонаи ташкилотҳои савдо ва хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ инчунин шаклҳои нави мушоҳидаҳои оморӣ, ки дар заминаи усулҳои ташаккули иттилооти омории ба стандарти байналхалқӣ наздик, ки дар таҷрибаи мамлакатҳои мутараққии дорои иқтисодиёти бозорӣ ва ташкилотҳои иқтисодии байналхалқӣ қабул гардидаанд, ба даст оварда шудааст.
Маҷмӯаи «Савдо ва хизматрасонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чоп баромад
Нашр шудааст: 25.07.2018