Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби кормандони муваққатӣ (операторони воридкунандаи маълумот – 7 нафар, мутахассисони сканеркунанда – 2 нафар, барномасоз - 1 нафар ва ҷобаҷокунандагони маводҳо -2 нафар), эълон мекунад.
Талаботи минималлӣ:
- маълумоти олӣ ё миёнаи техникӣ;
- қобилияти кор дар компютер ва воситаҳои техникии муосир;
- донистани барномаҳои компютерӣ (барои барномасоз);
- таҳияи барномаи компютерӣ (барои барномасоз);
- малакаи кор дар гуруҳ ва шароитҳои ғайримуқаррарӣ.
Хамаи шахсони хоҳишманд, метавонанд маълумотномаи худро бо замимаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумот, нусхаи шиноснома, нусхаи рамзи мушаххаси андозсупоранда (ИНН) то соати 16.00 рузи 4 январи соли 2019 ба почтаи электронии stat@tojikiston.com бо сарлавҳаи “Барӯйхатгирии аҳолӣ” ирсол намоянд. Маълумоти иловагиро бо телефонҳои 221 37 21 ва 227 58 51 гирифтан мумкин аст.
Номзадҳои аз озмоиш гузашта моҳҳои январ – феврали соли 2019 ба кор ҷалб карда мешаванд.
Агентии омори назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон