Раёсати ҷамъбасту таҳлили иқтисодӣ ва робитаҳои байналмилалӣ
сармутахассис – 2 ҷой, маоши мансабӣ 1200 - сомонӣ;
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 978 - сомонӣ;
Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоӣ
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1200 - сомонӣ;
мутахассиси пешбар – 2 ҷой, маоши мансабӣ 978- сомонӣ;
Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1200 - сомонӣ;
Шуъбаи методологияи оморӣ ва таснифот
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1200 - сомонӣ;
Раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 978- сомонӣ;
Раёсати системаи ҳисобҳои миллӣ ва омори молия
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 804 - сомонӣ;
Раёсати Агентии омор дар шаҳри Турсунзода
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 - сомонӣ;
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 762 - сомонӣ;
Раёсати Агентии омор дар шаҳри Ваҳдат
сармутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 936 - сомонӣ;
Раёсати Агентии омор дар ноҳияи Рӯдакӣ
мутахассиси пешбар – 1 ҷой, маоши мансабӣ 762 - сомонӣ;
Бахши Агентии омор дар шаҳри Роғун
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 660 - сомонӣ;
Бахши Агентии омор дар ноҳияи Нуробод
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 - сомонӣ;
Бахши Агентии омор дар ноҳияи Лахш
мутахассис – 1 ҷой, маоши мансабӣ 630 - сомонӣ;
Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:
- барои сармутахассис - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои мутахассиси пешбар - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
- барои мутахассис - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);
Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмист.
Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
- аризаи шахсӣ ба унвони директори Агентӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (шакли тасдиқшуда аз соли 2016 барои хизматчиёни давлатӣ);
- тарҷумаи ҳол;
- 2 дона расми андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот (нусхаи диплом бо замимааш);
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- нусхаи шиноснома;
- маълумотнома аз ҷои истиқомат;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);
- нусхаи суғуртаи иҷтимоӣ (СИН) (агар фаъолияти меҳнатӣ дошта бошад);
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;
- нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд);
- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).
Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:
734025, ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кории №301 ва №309
Тел: 221-57-21; 227-63-24; Fax: 221-43-75; почтаи электронӣ: stat@tojikiston.com
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо 21 рӯз аз рӯзи нашри эълон дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз 05 апрел то 25 апрели соли 2019 кабул карда мешаванд.