АГЕНТИИ ОМОРИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
барои ишғол намудани мансабҳои холии маъмурии хизмати
давлатии зерин ОЗМУН эълон менамояд:
Шуъбаи молия ва ҳисобот
сардори шуъба – 1 ҷой, маоши мансабӣ 1847 сомонӣ 60 дирам;
Раёсати омори саноат ва инвеститсияхо дар сохтмон
мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1124 сомонӣ 70 дирам;
Раёсати омори савдо ва хизматрасонӣ
мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1124 сомонӣ 70 дирам;
Шуъбаи нархҳо ва тарифҳо
мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;
Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ
муовини сардори Сарраёсат – 1 ҷой, маоши мансабӣ 2319 сомонӣ 40 дирам;
Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода
сармутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1131 сомонӣ 60 дирам;
Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рудакӣ
сармутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 1076 сомонӣ 40 дирам;
мутахассиси пешбар - 1 ҷой, маоши мансабӣ 924 сомонӣ 60 дирам;
Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Нуробод
мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 724 сомонӣ 50 дирам;
Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Тоҷикобод
мутахассиси пешбар- 1 ҷой, маоши мансабӣ 883 сомонӣ 20 дирам;
Бахши Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Сангвор
мутахассис - 1 ҷой, маоши мансабӣ 724 сомонӣ 50 дирам;
Довталабон барои ишғол намудани мансабҳои холии зикршуда ба талаботҳои тахассусии зерин бояд ҷавобгӯ бошанд:
Барои муовини сардори Сарраёсат – таҳсилоти олии касбӣ , ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ дар мансабҳои категорияи сеюм, ё 5 сол собиқаи умумии хизмати давлатӣ ё 6 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
барои сардори шуъбаи молия ва ҳисобот - таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, 4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
барои сармутахассисон - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт, 2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
барои мутахассисони пешбар - таҳсилоти олӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор), 1 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;
барои мутахассисон - таҳсилоти олӣ ё миёнаи касбӣ дар соҳаи омор, иқтисодиёт, риёзиёт (омор);
Донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», забони давлатӣ ва кор бо компютер барои ҳамаи довталабон ҳатмӣ мебошад.
Довталабон ба Комиссияи озмун ҳуҷҷатҳои зеринро бояд пешниҳод намоянд:
- аризаи шахсӣ ба унвонии директори Агентӣ;
- варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо;
- тарҷумаи ҳол;
- 2 дона расми андозаи 3х4;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;
- нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ надорад);
- маълумотномаи тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ (шакли 038).
- маълумот дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;
- нусхаи шиноснома;
- нусхаи гувоҳномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).
Довталабон метавонанд ба суроғаи зерин муроҷиат намоянд:
ш.Душанбе, кӯчаи Бохтар 17, утоқи кории №301 ва №308
Тел: 227-63-24; 221-57-21; Fax: 221-43-75;
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо дар давоми 21 рӯз пас аз нашри эълон.