26-уми июни соли 2018 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста анҷомёбии лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор», гранти ЕСASTAT, ки 29 майи соли 2015 шуруъ шуда, 30-июни соли 2018 ба анҷом мерасад, конфронси ҷамъбастӣ доир гардид. Мақсади конфронси якрӯза баррасии натиҷаҳои ноилшуда ва рушди минбаъдаи омори Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 буд. Дар кори он 75 нафар иштирокчиён, аз ҷумла сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ, менеҷери Бонки умумиҷаҳонӣ Ян-Питер Олтерс, муовини директори лоиҳаи DevStat - Амалисозии стратегияи миллии рушди омор. NSDS/01/QCBS/01. Ҳамкории муштарак Довиле Минкевичуте, Директори ширкати CaiCo Consulting (Тоҷикистон) Султон Имомов, кормандони дастгоҳи марказии Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин як қатор ташкилотҳои байналмилалӣ, вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.
Ба иштирокдорони конфронс на танҳо натиҷаҳои бадастомада аз лоиҳаи ҷорӣ, балки лоиҳаи сеюми Стратегияи миллии рушди омор (СМРО-3) барои солҳои 2018-2022 низ пешниҳод гардид. Ин барнома аз ҷониби кормандони Агентӣ бо дастгирии коршиносон аз давлатҳои узви консорсиум таҳия гардидааст. Ҳадафи асосии пешниҳоди СМРО ба доираи васеъ фаҳмидани нуқтаи назар ва андешаи ҷонибҳои манфиатдор қабл аз пешниҳоди он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои кумакрасон мебошад.
Шарикони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо буданд: Ширкати DevStat (Испания) дар консорсиум бо: Serviciosde Consultoria EstadisticaS.Lis (Испания), UDA Consulting (Туркия), Open Data Watching (ИМА), Мактаби олии иқтисодии Маскав (Русия), CaiCo Consulting (Тоҷикистон), Идораи омори Литва.
Конфронсро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо суханони муқаддимавӣ ифтитоҳ намуда,ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки умумиҷаҳонӣ ҷиҳати дастгирии бевосита барои амалӣ шудани лоиҳаи мазкур, изҳори сипос намуд.
Сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ дар баромади худ ҳамаи ҳозиринро барои амалишавии бомуваффақияти лоиҳа табрик намуд ва қайд кард, ки «Роҳандозии ин лоиҳа аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба нақшаҳои оморӣ ва барномаҳои соҳавии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифтааст. Вазифаҳои лоиҳа дар нақшаи чорабиниҳо оид ба мукаммалсозии ҳисобҳои оморӣ барои соҳои 2016-2020, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, дарҷ гардидаанд. Бешак, яке аз дастовардҳои муҳими низоми оморӣ дар доираи лоиҳа ин пеш аз ҳама ба усули нав ҷамъоварӣ ва коркард намудани ҳисобҳои оморӣ мебошад, ки натиҷаҳои он имрӯз маълум гардидаанд. Дар ин замина, ҷиҳати мустаҳкам намудани инфрасохтори технологияи иттилоотии мақомоти омор, инчунин, вазорату идораҳои марбута корҳои зиёде ба сомон расонида шуд».
Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора зикр кард, ки дар ҷараёни амалигардонии лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» Агентӣ тағйироти куллӣ ворид карда, дар ҳамкорӣ бо коршиносон дар аксари соҳаҳо барои амалигардонии стандартҳои байналмилалӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.
Зиёда аз 50 вазифаҳои дар пеш гузошташуда иҷро гардиданд, ки муҳимтаринашон: Лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ» омода гардид; 5 тадқиқот гузаронида шуд; вобаста ба интиқоли ҳисоботҳои электронии оморӣ ва гузариш ба китобҳои электронии хоҷагӣ таҷҳизоти нав насб гардида, шабакаи ягона таъсис ёфт; методологияи гузаронидани ҳисоботҳои оморӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ такмил дода шуд; интишори маълумотҳо беҳтар гардид (дар шакли стандартии SDMX ва низоми нави феҳристкунонии иттилоот бо рамзи кушодаи сарчашма, Ташаббуси ҳуҷҷатгузории иттилоот ва стандартҳои метамаълумотҳо); сомонаи нави интернетӣ боз гардид; малакаи касбии кормандони низоми оморӣ такмил дода шуд; барои Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, Коллеҷи кӯҳии Душанбе, кафедраи омори факултаи иқтисодии ДМТ, Пажуҳишгоҳи мелиоратсияи Вазорати энергетика ва захираҳои об маводи техникӣ харидорӣ шуд; барои беҳ шудани сифати маводи чопии варақаҳои шакли ҳисоботҳои оморӣ ба чопхонаи хурди Агентӣ ва чопхонаҳои мақомоти омори маҳаллӣ таҷҳизоти нав насб гардид; зиёда аз 90 компютер, ноутбук, 55 планшет, 20 принтер, 3 сервери нав барои Агентӣ ва мақомоти омори маҳаллӣ, барномаи зидди вирус ва маводи дигари лозима дастрас карда шуд; 40 ташрифи коршиносон аз рӯи ҳамаи ҷузъҳои лоиҳа амалӣ гардида, зиёда аз 20 сафарҳои шиносоӣ барои 70 корманди Агентии омор ва дигар муассисаҳои давлатӣ ба Туркия, Олмон, Чехия, Полша, Филиппин, Испания, Литва, Латвия, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Молдова ташкил карда шуд. Пас аз омӯзиш дар мактаби олии иқтисодии Федератсияи Русия 12 нафар мутахассис соҳиби сертификат шуд. Дар Агентии омор курсҳои омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ташкил шуда, пас аз хатм ба кормандон сертификат дода шуд.
Дар давоми кори конфронс доир ба мавзуи «Стратегияи миллии рушди омор (гранти ЕсaStat)» - Рустам Зиёев, ҳамоҳангсози лоиҳа ва «Амалисозии стратегияи миллии рушди омор. NSDS/01/QCBS/01. Ҳамкории муштарак» - Довиле Минкевичуте, муовини директори лоиҳа аз ширкати DevStat баромад намуданд.
Инчунин, дар кори конфронс аз ҷониби масъулин баромадҳои зерин мавриди баррасӣ қарор гирифтанд:
- Шарифзода Меҳриддин - муовини раиси ноҳияи Зафаробод: «Пешниҳоди шакли электронии китоби хоҷагӣ дар ҷамоатҳо»
- Алиев Қодир Алиевич – сардори шуъбаи захираҳои об ва кадастри Вазорати энергетика ва захираҳои об: «Истифодаи захираҳои обӣ»
- Саидзода Садриддин – сардори раёсати коркарди нафту гази Вазорати энергетика ва захираҳои об: «Тавозуни сӯзишворию энергетикӣ».
- Қулов Абдувалӣ – сардори раёсати омори демографии ва шуғли аҳолии Агентии омор: «Таҳқиқоти истифодаи вақт (дар мисоли ВМКБ)».
Аз ҷониби муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода лоиҳаи Стратегияи миллии рушди омор барои солҳои 2018-2022 пешниҳод гардид.
Амалигардонии лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» дар давоми 3 сол бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ёрии грантии Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳаҷми 2,5 млн доллар сурат гирифт.
Ҳадафи лоиҳа таҷдиди методологияи оморӣ барои дарёфти иттилооти пурра ва босифате, ки ноил шудан ба вазифа ва мақсадҳои стратегияи давлатӣ дар асоси воридот ва таҳлили пурраю дақиқи омори расмии аз ҷиҳати илмӣ асоснокшуда доир ба вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, демографӣ ва экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботҳои мониторинги ҳолати макроиқтисодӣ ва камбизоатиро таъмин менамояд, инчунин дигар ҳадафҳои Низоми умумии интишори иттилоот (НУПИ) ва Стандарти махсуси интишори иттилоот мебошад.