13-уми июли соли 2020 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои минбаъда барои то охири соли 2020» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ баргузор гардид.
Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ифтитоҳ намуда, зикр доштанд, ки, дар нимсолаи якуми соли 2020 мақомоти омори давлатӣ ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.
Сипас муовини якуми директори Агентӣ Шокирзода Ш. маърӯзаи пурраро оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар нимсолаи якуми соли 2020 ба пуррагӣ қироат намуданд.
Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи маҷмӯии корҳои оморӣ барои соли 2020», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2019 -ум №586, тасдиқ карда шудааст ва вазифаҳои дар назди мақомот дар нимсолаи якуми соли 2020 гузошташударо пурра иҷро намуд.
Дар маҷмӯъ дар нимсолаи якуми соли 2020 - 4929 корҳои оморӣ ба анҷом расонида шуд, ки аз иҷрои пурраи барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.
Мукотиботи Агентии омор аз рӯи ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2020 нишон дод, ки дар ин давра аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳо, идораю муассисаҳо, ташкилотҳо, мақомотҳои омори маҳаллӣ ба нишонии Агентӣ ва почтаи электронӣ маводҳои ҳуҷҷатнигорӣ ва номаҳо дар маҷмӯъ 1243 адад ворид шудааст, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд.
Дар нимсолаи якуми соли 2020 тибқи Барномаи корҳои оморӣ 10 маҷмӯаи оморӣ, 161 бюлетени оморӣ, 22 маълумот, 23 иттилооти таъҷилӣ ва 42 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр карда шуданд.
Тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2019, №1356 «Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» аз 1 то 15 октябри соли 2020 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Корҳои тайёрӣ барои гузаронидани ин чорабинии сатҳи ҷумҳуриявӣ ҳануз аз соли 2015 дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 октябри соли 2015 №572 “Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020” оғоз гардида буд.
Қайд гардид, ки барои тарғибу ташвиқи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аз 1 то 15 октябри соли 2020 баргузор гардидани Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид ва Ҳукумати Федератсияи Россия, корҳои омода намудани намунаи маводҳои таблиғотӣ, аз ҷумла банерҳо, плакатҳо дар варақаҳои андозаи гуногун омода карда шуда барои чоп пешниҳод карда шуданд.
Ғайр аз ин баргузор гардидани Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон мунтазам дар телевизион ва радиоҳои маҳаллию марказӣ, рӯзномаҳо, ҷаласаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо ва дигар чорабиниҳои оммавии сатҳи шаҳру ноҳияҳо, гузоришҳо пахш, ироа ва таъкид шуда истодаанд.
Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.
Дар охири кори ҷаласа, Директори Агентии омор муҳтарам Гулнора Кенҷа ба сардорони мақомоти омор дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оиди шаффофияти маълумотҳои оморӣ, хусусан маълумотҳои омори кишоварзӣ, вусъат бахшидани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ ва дар сатҳи зарурӣ гузаронидани маъракаи сиёсӣ, яъне барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, оиди риояи ҳатмии қоидаҳои гигиенаи шахсӣ барои пешгирӣ аз сироят ва паҳншавии бемории коронавирус (COVID – 19) ва пайваста безараргардонии биноҳои мақомоти маҳаллии омор ва корҳои тайёрӣ ба зимистонгузаронӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.