Санаи 18-уми январи соли 2021 бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, кишоварзӣ, энергетика ва захираҳои об, кумитаҳои рушди маҳал, идораи замин ва геодезӣ, сармоягузорӣ ва амволи давлатӣ, андоз, ҳифзи муҳити зист, рушди сайёҳӣ, Хадамоти гумрук ва Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардорони Сарраёсатҳои ВМКБ, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва сардорони раёсатҳо, шӯъбаҳо ва бахшҳои шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омор дар соли 2020 ва вазифаҳо барои соли 2021» баргузор гардид.
Ҷаласаро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ҳусни оғоз бахшида, қайд карданд, ки мақомоти омори давлатӣ дар соли 2020 новобаста аз вазъияти баамаломадаи ҷаҳонӣ ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид. Баргузор гардидани маъракаи муҳим - Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар ҷумҳурӣ шаҳодати ин гуфтаҳост.
Сипас, Муовини якуми Директори Агентӣ Шокирзода Шодмон Шариф пурра оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар соли 2020 баромад намуда, қайд карданд, ки мақомоти омор фаъолияти худро дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, фармонҳо, дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои омор ва барномаю нақшаҳои иқтисодию иҷтимоиро ба роҳ монда, Барномаҳои тасдиқкардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба корҳои оморӣ ва вазифаҳои дар назди мақомот гузошташударо дар муҳлатҳои пешбинишуда пурра ва бо сифат иҷро намуд.
Мукотиботи Агентии омор аз рӯи ҷамъбасти соли 2020 нишон дод, ки дар ин давра аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳо, идораю муассисаҳо, ташкилотҳо, мақомоти омори маҳаллӣ ба нишонии Агентӣ ва почтаи электронӣ маводҳои ҳуҷҷатнигорӣ ва номаҳо дар маҷмӯъ 2672 адад ворид шудааст. Аз шумораи умумии ҳуҷҷатҳои воридшуда 1358 адад барои корбарӣ ва истифодаи дохилӣ ба масъулин вобаста карда шуд.
Аз теъдоди умумии ҳуҷҷатҳои воридгардида 662 амру фармонҳо, қарорҳо, дастуру супоришҳо, нусха аз протоколи ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву чорабиниҳо, инчунин 5 қонуну қарорҳои Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 1238 мактуб аз вазорату идораҳо, 184 мактуб аз мақомоти маҳаллии омор, 424 мактуб ба воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ, 122 муроҷиати шаҳрвандон бо тарзи хаттӣ ва 37 лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд.
Яке аз чорабиниҳои муҳимтарини сол баргузории “Барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” буд.
Дар давраи баргузории ин чорабинии муҳими сиёсӣ ва умумиҷумҳуриявӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории Коронавирус (COVID 19), ҳамаи кормандони муваққатии ба кор ҷалбшуда бо маҳлулҳои антисептикӣ ва ниқобҳо таъмин карда шуданд.
Барои тарғиб ва ташвиқи аҳолӣ оид ба барӯйхатгирии аҳолӣ беш аз 500 адад банерҳо ва зиёда аз 15000 варақаҳои таблиғотӣ омода карда шуда ба мақомоти омор дар маҳалҳо дастрас карда шуд. Ғайр аз ин бо истифода аз Воситаҳои ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳӣ мунтазам гузаронида шуд.
Тибқи нақша натиҷаҳои пешакии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 дар семоҳаи якуми соли 2021 аз рӯи 5 нишондиҳанда – шумораи умумии аҳолӣ, ҷинсият (мардҳо ва занҳо), шумораи истиқоматкунандагон дар маҳалҳои шаҳрӣ ва деҳот ҷамъбаст ва пешниҳод карда хоҳанд шуд.
Тибқи нақшаи ҷамъбасти натиҷаҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, соли 2021 коркади маводҳои барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020 бо усули сканерикунонӣ оғоз карда мешаванд.
Натиҷаҳои асосии барӯйхатгирии аҳолӣ бо дар назар доштани коркарди сканерии маводҳои он шуруъ аз семоҳаи чоруми соли 2021 ва солҳои 2022-2023 ба даст оварда мешавад.
Дар робита ба маърӯза ва баромадҳои намояндагони вазорату идораҳо ибрози андеша намуда, ба кори кормандони мақомоти омор баҳои қаноатбахш доданд.
Аз ҷониби Директори Агентии омор – Ҳасанзода Гулнора ба ҳамаи сардорони мақомоти маҳаллии омор дар минтақаҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои қатъӣ дода шуда, ҳамчунин дастур дода шуд, ки дар пешбурди сиёсати соҳаи омори давлатӣ аз методологияи байналмилалӣ истифода намоянд.
Инчунин аз ҷониби намояндагони вазорату идораҳо вобаста ба масъалаҳои соҳавӣ саволҳо пешниҳод гардида, аз ҷониби роҳбарият ва масъулини раёсату шуъбаҳои Дастгоҳи марказии Агентии омор посухҳои асоснок дода шуд.
Ҳамзамон, дар кори ҷаласа намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Фирдавс Муқаддасзода ҷиҳати ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбаст намудани ҳисоботҳои муътамади оморӣ изҳори назар намуда, қайд карданд, ки бисёри аз барномаҳои давлатӣ, стратегияҳои миллӣ ва консепсияҳо аз натиҷаи маълумотҳои оморӣ маншаъ мегиранд. Бинобар ин, мутахассисони соҳаи оморро мебояд дар пешбурди сиёсати соҳа ва шаффофияту муътамаднокии маълумотҳои оморӣ диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.
Дар охири ҷаласа Директори Агентии омор оид ба корҳои натиҷагирӣ вобаста ба барўйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, омўзиши таҷрибаи дигар давлатҳо бо мақсади мукаммалсозии низоми омори миллӣ, воридоту содироти маҳсулотҳои асосии хўрокворӣ ва нархи онҳо дар бозорҳои љумҳурӣ, корҳои омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, гузаронидани шанбегиҳо, назорати кормандон ва дигар масъалаҳои муҳим дастуру супоришҳои мушаххас доданд.