Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

12-уми апрели соли 2019 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2019 ва вазифаҳои минбаъда барои то охири соли 2019» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ ва даъватшудагон: намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз вазоратҳо: кишоварзӣ, молия, энергетика ва захираҳои об, ва технологияҳои нав, маориф ва илм; Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Кумитаи андоз баргузор гардид.

Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ифтитоҳ намуда, зикр доштанд, ки, дар семоҳаи якуми соли 2019 мақомоти омори давлатӣ ба як қатор нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардид.

Сипас муовини якуми директори Агентӣ Шокирзода Ш. маърӯзаи пурраро оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар семоҳаи якуми соли 2019 ба пуррагӣ қироат намуданд. 

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи «Барномаи маҷмӯии корҳои оморӣ барои соли 2019», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 ноябри соли 2018 -ум №561, тасдиқ карда шудааст ва вазифаҳои дар назди мақомот дар семоҳаи якуми соли 2019 гузошташударо пурра иҷро намуд.

Дар маҷмӯъ дар семоҳаи якуми соли 2019 - 2747 кори оморӣ ба анҷом расонида шуд, ки аз иҷрои пурраи барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.

Мукотиботи Агентии омор аз рӯи ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2019 нишон дод, ки дар ин давра ба Агентӣ 144 амру фармонҳо, қарорҳо, дастуру супоришҳо, нусха аз протоколи ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву чорабиниҳо, инчунин 24 қонуну қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 431 мактуб аз вазорату идораҳо, 80 мактуб аз мақомоти маҳаллии омор, 74 мактуб ба воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ ва 17 муроҷиати шаҳрвандон бо тарзи хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд.

Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ вобаста ба иҷрои банди 8 нақшаи чорабиниҳои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, марҳилаи якуми милликунонии нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор ба анҷом расонида шуд.

Бо мақсади амалӣ намудани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва «Дар бораи масъалаҳои комиссияи давлатии мусоидати барӯйхатгирии аҳолӣ» ба тавсиб расид, ки иҷроиши он ба зиммаи сохторҳои дахлдори давлатӣ, аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, гузошта шудааст.

Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. 

Дар ҷараёни ҷаласаи мушовара фикру андешаи намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо низ шунида шуд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа доир ба иҷрои саривақтии Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2019 ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур супоришҳои мушаххас доданд.

Нашр шудааст: 15.04.2019