13 июли соли 2018 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор баргузор гардид. Дар кори он намояндагони Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Г. Ҳасанзода, муовинони Директори Агентӣ, сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шӯъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ ва Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ» ва дигар вазорату идораҳо ширкат варзиданд. Дар ҷаласа натиҷаҳои фаъолияти мақомоти омори давлатӣ дар нимсолаи аввали 2018 ва вазифаҳо то охири сол, ҳисоботи роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ оид ба натиҷаи фаъолияти корӣ дар нимаи аввали соли 2018 ва иҷрои вазифаҳо то охири соли 2018 матраҳ гардид.
Ҷаласаро директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Ҳасанзода Гулнора бо суханони муқаддимавӣ оғоз намуда, иброз дошт, ки мақомоти омор фаъолияти худро дар асоси Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, фармонҳо, дастурҳои Сарвари давлат, Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои омор ба роҳ мондааст.
Дар гузориши Муовини якуми Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шокирзода Ш. зикр гардид, ки Агентии омор дар нимсолаи якуми соли 2018 тибқи Барномаи тасдиқкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои оморӣ вазифаҳои дар наздаш гузошташударо пурра иҷро кард. Зиёда аз 5,0 ҳазор ҳисоботи оморӣ ҷамъбаст карда шуда, Дар ин давра ба Агентии омор 43 қонуну – қарорҳо, 300 супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 824 мактубҳои вазорату идораҳо, 162 - мактубҳо аз мақомоти маҳаллии омор, 92 мактубҳо бо воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ ва 20 муроҷиати шаҳрвандон бо таври хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, сари вақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд.
Дар нимсолаи якуми 2018 тибқи Барномаи корҳои оморӣ 12 маҷмӯаи оморӣ, 165 бюлетени оморӣ, 19 маълумот, 67 иттилооти таъҷилӣ ва 43 гузоришҳои оморӣ омода ва нашр карда шуданд.
Қайд гардид, ки дар доираи татбиқи Лоиҳаи Стратегияи миллии рушди омор барои солҳои 2015-2018 зиёда аз 50 вазифаҳои дар назди мақомоти омор гузошташуда иҷро гардиданд, ки муҳимтаринашон: таҳия намудани Лоиҳаи қонун «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи омори давлатӣ»; гузаронидани панҷ таҳқиқоти оморӣ; вобаста ба қабули ҳисоботҳои электронии оморӣ ва бо мақсади гузариш ба китобҳои электронии хоҷагӣ харидори ва насб гардидани таҷҳизоти нави замонавӣ, таъсис додани шабакаи ягонаи дохилӣ; такмил додани методологияи ҷамъоварии ҳисоботҳои оморӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ; беҳтаргардонии паҳнамоии маълумотҳои оморӣ (дар шакли стандартии SDMX ва низоми нави паҳнамоии иттилоот); такмил додани сомонаи расмии Агентии омор; баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти омор; инчунин барои Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, Коллеҷи кӯҳии шаҳри Душанбе, кафедраи омори факултаи иқтисодии ДМТ, Пажуҳишгоҳи мелиоратсияи Вазорати энергетика ва захираҳои об маводи техникӣ харидорӣ шуд; барои беҳтар намудани сифати нашрияҳои оморӣ дастгоҳи нави техникӣ харидорӣ ва насб карда шуд; зиёда аз 90 компютеру ноутбук, 55 планшет, 20 принтер, 3 сервери нав, барномаи зидди вируси компютерӣ ва дигар маводи лозима ба Агентӣ ва мақомоти омори маҳаллӣ дастрас карда шуд; 40 маротиба ташрифи коршиносон аз рӯи компонентҳои алоҳидаи лоиҳа амалӣ гардида, зиёда аз 20 сафарҳои омӯзишӣ барои 70 нафар корманди Агентии омор ба кишварҳои Туркия, Олмон, Чехия, Полша, Филиппин, Испания, Литва, Латвия, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Молдова ташкил карда шуд. Пас аз омӯзиш дар мактаби олии иқтисодии Федератсияи Русия 12 нафар мутахассис соҳиби сертификат шуданд. Дар баробари ин барои кормандони Агентии омор курсҳои омӯзиши забонҳои англисӣ ва русӣ ташкил шуда, ки пас аз хатми курсҳои мазкур кормандони Агентии омор соҳиби сертификат гардиданд.
Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ва раёсат, шуъба ва бахшҳои Агентии омор дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд.
Инчунин, дар кори ҷаласа диққати асосӣ ба масъалаҳои дигар, аз қабили: оид ба иҷрои Нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ барои солҳои 2016-2021; оид ба истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ; оид ба масъалаи корҳои баруйхатгирии санҷишӣ ва асосии аҳолӣ ва фонди манзил ва ғайраҳо.
Умед Мирзоев – сармутахассиси Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз маърӯзаҳо ба сухан баромада, аз кори мақомоти омор дар давраи ҳисоботӣ изҳори қаноатмандӣ намуд ва ҳамзамон барои тақвият додани корҳо дар самти фарогирии пурра ба ҳисоботи оморӣ таъкид намуд.
Дар охири ҷаласа Директори Агентии омор – Гулнора Ҳасанзода бо назардошти баррасии рӯзномаи ҷаласа ва баромадҳои роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ, дастуру супоришҳои мушаххас дода, сипас ҷаласаи мушовара қарори дахлдор қабул намуд.