26 октябри соли 2021 дар Агентии омори назди резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба мониторинг ва арзёбии Ҳадафҳои рушди устувор дар доираи Лоиҳаи барномаи рушди СММ “Мониторинги ҲРУ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” семинари миллӣ оид ба пешравиҳо дар самти расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор бо ширкати намояндагони вазорату идораҳо, созмонҳо ва коршиносони байналмилалӣ, доираи илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма баргузор гардид.
Муовини аввали директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодмон Шокирзода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, ба кори семинар муваффақиятҳо орзу намуд.
Сипас, муовини директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қиёмиддин Давлатзода вобаста иҷрои бандҳои Ҳадафҳои рушди Устувор муфассал баромад намуда, доир ба дастовардҳо дар самти иҷрои ин барномаи муҳим андешаронӣ намуд. Зикр гардид, ки дар ҳамоиши имрӯза муаррифии таҳияи Платформаи миллии ҲРУ ва тартиби истифодаи он, пдатформаи “Маълумоти кушод” (Open Data) ва тартиби истифодаи он мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Оид ба амалишавии Лоиҳаи БРСММ ва Агентии омор «Мониторинги ҲРУ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» коршиноси миллӣ, сардори Раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентии омор Набизода Абдувалӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Зикр гардид, ки ҳадафи умумии лоиҳа аз он иборат аст, ки маълумоти Ҳадафҳои рушди устувор барои дастрасии бештар барои истифодабарандагон бошанд. Лоиҳа дастрасии васеъро ба нишондиҳандаҳои миллӣ тавассути махзанҳои миллӣ ва нишондиҳандаҳои байналмилалии ҲРУ тавассути платформаи маълумот ва визуализатсияи нишондиҳандаҳои ҲРУ фароҳам меорад. Барои таҳияи стратегияи омодасозии нишондиҳандаҳо ва метамаълумот барои мониторинги ҲРУ, аз ҷумла лоиҳаи системаи миллии нишондиҳандаҳои ҲРУ, дар асоси стратегияҳо ва барномаҳои мавҷудаи миллӣ коршиносони миллӣ ҷалб карда шуданд;
- Ҳамагӣ 14 семинарҳо ва мизҳои мудаввар тибқи нақшаи чорабиниҳо лоиҳаи «Мониторинги ҲРУ дар Тоҷикистон» (бо иштироки кормандони Агентӣ , вазорату идораҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдор) барои омузиш, муҳокима ва амалишавии лоиҳаи «Мониторинги ҲРУ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд.
Дар идомаи кори семинар аз ҷониби намояндаи ҶДММ “Сомон Сфот Лаб” рӯнамо оид ба таҳия ва қобилияти истифодаи Платформаи миллии ҲРУ дар Тоҷикистон ва аз ҷониби коршиносӣ миллӣ Мирпоччоев Ф. Рӯнамо оид ба таҳия ва қобилияти истифодаи платформаи Open Data ва Маркази мубодилаи маълумотҳо пешниҳод гардиданд.
Пас аз пешниҳоди рӯнамоҳо миёни иштирокчиёни семинар, намояндагони вазорату идораҳо ва коршиносон саволу ҷавобҳо бо таклифу пешниҳодҳо сурат гирифт.