Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Дар доираи лоиҳаи «Татбиқи стратегияи миллии рушди омор» дар Агентии омор сафари коршиноси байналмилалӣ ҷаноби Римантас Витсенавичюс амалӣ гардид

Тибқи қарордоди баимзорасида оиди ҳамкории дуҷониба миёни Агентии омор дар якҷоягӣ бо ташкилоти муштараки (консорсиум) зери роҳбарии DеvStat, аз 15 то 26-уми январи соли 2018 ташрифи коршиноси байналмилалӣ  ҷаноби Римантас Витсенавичюс оид ба беҳтаргардонии дастрасӣ ба маълумотҳои оморӣ бо ёрии метамаълумотҳо ва ҳисобот оид ба сифат ба анҷом расид.
 
Масъалаи асосии ташрифи коршинос оид ба сифати маълумотҳои оморӣ ин васеъ намудани ва малакаи кории кормандон барои назорат сифати маълумотҳо, ки ба тамоми соҳаҳои оморӣ таълуқ дорад, ба ҳисоб мерафт. Ин асосан вобастагӣ дорад ба сифати иҷрои корҳои оморӣ ҳам дар соҳаҳои хурди оморӣ ва ҳам дар соҳаҳои калони оморӣ, ки зерсоҳаҳо ташкил гардидаанд. Стандарти байналмилалӣ оид ба иҷои ин корҳо нашрияи 5-уми Модели Умумии Раванди Бизнеси Оморӣ (GSBPM) мебошад. Модели умумии мазкур аз ҷониби Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ таҳия гардида, дар худ як қатор нишондиҳандаҳои сифатиро дар вобастагӣ бо зербандҳои модели GSBPM таҷасум менамояд. 
 
Аз ҷониби коршинос дастурамал оид ба амалисозии модели GSBPM таҳия гардида санаи 26-уми январи соли 2018 дар семинари омузишӣ, ки бо иштироки мутахассисони Агентии омор ва МД «Маркази Кулли Ҳисоббарорӣ» баргузор гардида буд, шарҳ дода шуд.
 
Ҳамзамон аз ҷаноби Римантас Витсенавичюс кумаки техникӣ барои омӯзиш ва ҷорӣ намудани намунаи нави метамаълумотҳо дар низоми оморӣ, беҳтар намудани таҳияи метамаълумотҳо барои нишондиҳандаҳо интихобӣ ҳамчун намуна барои истифодаи минбаъда дар Агентии омор, корҳои амалӣ дар самти омода ва истифодаи метамаълумотҳо расонида шуд.
 
Дар семинари омӯзишӣ баромади коршинос оид ба дастурамали таҳияи метамаълумотҳо, низоми ягонаи метамаълумотҳо (SIMS ver.2), сохтори метамаълумотҳо, мафҳумҳо дар асоси низоми ягонаи метамаълумотҳо (SIMS ver.2), намунаҳои дигари метамаълумотҳо барои истифодабарандагон ва таҳиякунандагони маълумотҳои оморӣ гузаронида шуд.
 
Дар охир чунин пешниҳодҳо ироа гардид:
- Иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба GSBPM

- Омода ва паҳн намудани тарҳи ҳамаи корҳои оморӣ аз руи GSBPM барои истифодабарандагони маълумотҳои омор

Нашр шудааст: 29.01.2018