Дар доираи Лоиҳа “Оид ба тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти байторӣ барои таҳияи сиёсат” ба Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон коршиносони байналмилалӣ Васильева Вера Николаевна ва Соловова Анна Евгеньевна ташриф овардаанд.
Бо дастгирии техникӣ ва молиявии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳа оиди “Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти давлатии байторӣ оид ба таҳияи сиёсат”, аз санаи 1 то 5 апрели соли 2019 ташрифи коршиносони байналмилалӣ дар соҳаи омор аз Кумитаи байнидавлатии омори ИДМ Васильева Вера Николаевна ва Соловова Анна Евгеньевна вобаста ба таҳия тавозуни маҳсулоти асосии озуқаворӣ сурат гирифт.
Коршиносон таҳлили ҷанбаҳои гуногуни ҳисоби тавозуни озуқавориро ба сомон расонида, тавсияҳо оид ба такмили методологияи таҳияи тавозуни озуқаворӣ барои солҳои 2014-2017 ва Модули истеъмолии буҷети хонаводаҳо манзур намуданд.
Хамзамон, 3 апрели соли 2019 семинар дар мавзӯи “Усулҳои ҳисоби тавозуни захираи маҳсулоти асосии озуқа” доир гардид, ки дар кори он роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Агентӣ, Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндагии иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони вазорату идораҳо: вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ; Кумитаи бехатарии озуқаворӣ, Хадамоти гумрук, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Институти ғизои назди Вазорати саноат ва технологияи нав, Маркази ҷумҳуриявии ғизои назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.
Хонум Васильева Вера Николаевна дар семинар бо рунамои Усулҳои ташаккули ҳисоби тавозуни маҳсулоти асосии озуқаворӣ барои солҳои 2014-2017, баромад намуд.
Диққати бештар дар семинар ба баррасии параметрҳо (меъёрҳо ва коэффитсиентҳо), ки барои таҳияи тавозуни озуқаворӣ заруранд, дода шуд.
Ҳадафи асосии гузаронидани семинар ин таҳия ва такмили методикаи ва таҳияи тавозуни озуқаворӣ мебошад.
Тавозуни захираи озузқаворӣ – ин низоми нишондиҳандаҳои тавсифкунандаи сарчашмаи ташаккули захираи намудҳои асосии озуқа ва манбаъҳои истифодаи онҳо мебошад. Тавозун ҳаракати маҳсулотро аз лаҳзаи истеҳсол то истифодаи ниҳоии он тавсиф мекунад, таҳлили ҷорӣ ва таҳияи дурнамои вазъиятро дар бозори истеъмолӣ фароҳам меорад, талабот ба воридот, содирот фондҳои истеъмолии молҳои озуқаро арзёбӣ менамояд.