Дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ баҳисобгирии оморӣ, бояд ҳатмӣ, пурра ва бе нуқсон амалӣ гардад. Мақомоти давлатӣ дар ин бобат ва ҳамчунин ҷиҳати ба стандартҳои байналхалқӣ мутобиқ будани ҳисоботи муҳосибавӣ бояд тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ташрифи коршиноси байналмилалӣ оид ба такмили омори кишоварзӣ

Бо дастгирии техникӣ ва молиявии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳа оид ба “Тақвият додани муассисаҳо ва иқтидори Вазорати кишоварзӣ ва Хадамоти давлатии байторӣ оид ба таҳияи сиёсат”, рузҳои 7 - 11 октябри соли 2019 ташрифи коршиноси байналмилалӣ дар соҳаи омор аз Хадамоти давлатии омори Ҷумҳурии Украина Пищейко Вадим Александрович вобаста ба такмили омори кишоварзӣ, аз ҷумла соддакунии шаклҳои ҳисоботи омории соҳаи кишоварзӣ сурат гирифт.

Коршинос таҳлили ҷанбаҳои гуногун ва шарҳу муҳокимаҳо оид ба ҳолати воқеии ҳисоботҳои омории кишоварзӣ, соддакунӣ ва таҳияи шаклҳои ҳисоботиро ба сомон расонида, тавсияҳо оид ба такмили методологияи таҳияи шаклҳоро тибқи таҷрибаи байналмилалӣ, манзур намуд.

Ҳамзамон, санаи 10 октябри соли 2019 семинар дар мавзӯи “Мукамалгардонии омори кишоварзӣ ва соддакунии шаклҳои ҳисоботҳои омории кишоварзӣ” доир гардид, ки дар кори он роҳбарият ва сардорони раёсатҳои Агентӣ ва МД «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ, Намояндагии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони вазоратҳои кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Коршинос Пищейко Вадим Александрович дар семинар бо рунамо доир ба такмили омори кишоварзӣ аз руи таҷрибаи байналмиллалӣ дар мисоли Ҷумҳурии Украина ва дигар давлатҳои аъзои Аврупои шарқӣ, Қафқоз ва Осиёи Миёна, имконпазирии роҳҳои паст кардани сарбории ҳисоботсупорандагон, соддакунии шаклҳои оморӣ ва ҷамъоварии маълумот, баромад намуд.

Диққати бештар дар семинар ба баррасии параметрҳо (меъёрҳо ва соддакунии шаклҳо), ки барои пешниҳодкунандагони иттилоот заруранд, дода шуд.

Ҳадафи асосии гузаронидани семинар ин таҳия ва соддакунии шаклҳои омории кишоварзӣ мебошад.

Баъди пешниҳоди ҳисоботи муфассали коршинос лоиҳаи шаклҳои ҳисоботи оморӣ дар таҳрири нав омода ва барои баррасӣ ба вазорату идораҳои соҳавӣ манзур мегардад.

Нашр шудааст: 10.10.2019