Баҳисобгирии оморӣ воситаи самарабахши ба низом даровардан ва таҳияи дурнамои фаъолияти субъектҳои иқтисодӣ ба шумор меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

Ташрифи коршиноси байналмилалӣ аз Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ Мамука Надарейшвили

Дар доираи Лоиҳаи «Таҳкими малака оид ба тақвияти амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани ғизо дар як қатор мамолики Қафқоз ва Осиёи Миёна» ба Агентӣ коршиноси байналмилалӣ ташриф овардаанд.

Бо дастгирии техникӣ ва молиявии Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Лоиҳаи «Таҳкими малака оид ба тақвияти амнияти озуқаворӣ ва беҳтар намудани ғизо дар як қатор мамолики Қафқоз ва Осиёи Миёна», аз санаи 24 то 25 июли соли 2019 коршиноси байналмилалӣ аз Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ, Мамука Надарейшвили ташриф овардаанд.

Мақсади асосии сафар ин баланд бардоштани малакаи дониши кормандони Агентӣ ҷиҳати таҳияи методология ва тавсияҳои Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ вобаста ба баҳодиҳӣ ва мониторинги нишондиҳандаҳои ҲРУ 2.3.1 - ҳаҷми истеҳсол барои хароҷот ба воҳиди корӣ аз рӯи тақсимоти андозаи корхонаю хоҷагиҳои фермерӣ/чорвопарварӣ/хоҷагии ҷангал ва ва 2.3.2. – даромади миёнаи хоҷагиҳои кишоварзии истеҳсолкунандагони хурд аз рӯи тақсимоти ҷинсӣ ва статуси мардуми таҳҷоӣ.

Коршинос таҳлили ҷанбаҳои гуногун ва шарҳу муҳокимаҳо оид ба ҳолати воқеии ҳисоботҳои омории кишоварзӣ ва дар партави он барои ҳисоби нишондиҳандаи 2.3.1 ва 2.3.2. – и (ҲРУ) дастури методӣ манзур намуд.

Санаҳои 24-25 июли соли 2019 семинари омӯзишӣ доир гардид, ки дар кори он роҳбарият ва сардорони раёсат ва МД «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-Агентӣ, иштирок намуданд.

Ҷаноби Мамука Надарейшвили дар семинар бо рӯнамои худ оиди Таҳияи методология ва тавсияҳои Ташкилоти озуқа ва кишоварзии СММ оид ба баҳодиҳӣ ва мониторинги нишондиҳандаҳои ҲРУ баромад намуда қайд карданд, ки барои мониторинги вазифаҳои 2.3.1.-и ҲРУ ин ҳамоҳагсозии муайян намудани «хоҷагиҳои хурди истеҳсолкунандагони маҳсулоти озуқаворӣ» зарур аст. Айни замон мо иттилооти заруриро нисбат ба ин хоҷагиҳои хурди истеҳсолкунандагони маҳсулоти озуқаворӣ дорем, ки ҳаҷми даромади онҳо онҳо ва маҳсулоти истеҳсол кардаи онҳо ҷи қадар аст. Нишондиҳандаҳои 2.3.1. ва 2.3.2. барои маҳсулнокии хоҷагии қишлоқ ва даромади хоҷагиҳои хурди ситеҳсолӣ баро пур кардани ин иттилоот мусоидат мекунад.

Диққати бештар дар семинар ба баррасии ҳолати воқеии ҳисоботҳои омории кишоварзӣ ва оиди баҳодиҳӣ ва мониторинги нишондиҳандаҳои ҲРУ дода шуд.

Нашр шудааст: 26.07.2019