Мутобиқи қонунгузорӣ тамоми корхонаҳо, ташкилотҳо, муассисаҳо ва умуман ҳамаи субъектҳои истеҳсоливу ғайриистеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон бояб ба мақомоти оморӣ ҳисоботи заруриро саривақт, пурра ва ба таври дақиқ пешниҳод намоянд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор

16-уми апрели соли 2021 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи васеи мушовараи Агентии омор «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда барои то охири сол» бо иштироки сардорони Сарраёсатҳои Агентӣ дар вилоятҳо, ш. Душанбе, сардорони мақомоти омори ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва раёсату шуъба (бахш)-ҳои Дастгоҳи марказӣ, Муассисаи давлатии «Маркази кулли ҳисоббарорӣ»-и Агентӣ ва даъватшудагон аз вазоратҳои: кишоварзӣ, молия, энергетика ва захираҳои об, ва технологияҳои нав, маориф ва илм; Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва Кумитаи андоз баргузор гардид.

Маҷлиси мушовараро Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа ифтитоҳ намуда, зикр доштанд, ки масъалаҳои зерин маврииди баррасӣ қарор мегиранд:
1.  «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар семоҳаи якуми соли 2021 ва вазифаҳои минбаъда барои то охири сол;

  1. Дар бораи рафти таҳияи рӯйхати электронии хонаводаҳо барои таъсиси низоми интихоби муттамарказ барои таҳқикотҳои хоҷагии аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ;
  2. Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таъмин намудани мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ» аз 31 майи соли 2018, №291 ва гузариш ба китобҳои электронии хоҷагии хонаводаҳо.

Сипас муовини якуми директори Агентӣ Шокирзода Ш. маърӯзаи пурраро оид ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти омор дар семоҳаи якуми соли 2021 ба пуррагӣ қироат намуданд. 

Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи корҳои оморӣ барои соли 2021», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020 №705, тасдиқ карда шудааст ва вазифаҳои дар назди мақомот дар семоҳаи якуми соли 2021 гузошташударо пурра иҷро намуд.

Дар маҷмӯъ дар семоҳаи якуми соли 2021 – 2894 кори оморӣ ба анҷом расонида шуд, ки аз иҷрои пурраи барномаи корҳои оморӣ шаҳодат медиҳад.

Мукотиботи Агентии омор аз рӯи ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2021 нишон дод, ки дар ин давра аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳо, идораю муассисаҳо, ташкилотҳо, мақомотҳои омори маҳаллӣ ба нишонии Агентӣ ва почтаи электронӣ маводҳои ҳуҷҷатнигорӣ ва номаҳо дар маҷмӯъ 721 адад ворид шудааст. Аз теъдоди умумии ҳуҷҷатҳои воридгардида 129 амру фармонҳо, қарорҳо, дастуру супоришҳо, нусха аз протоколи ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаву чорабиниҳо, инчунин 1 қарори Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 306 мактуб аз вазорату идораҳо, 73 мактуб аз мақомоти маҳаллии омор, 141 мактуб ба воситаи Ҳукумати электронӣ ва почтаи электронии Агентӣ, 26 лоиҳаи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ  ва 45 муроҷиати шаҳрвандон бо тарзи хаттӣ ворид шудаанд, ки мавриди корбарӣ қарор гирифта, саривақт иҷро ва мувофиқи дархостҳо ҷавобҳои дахлдор фиристода шуданд. Ҳамзамон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва дигар истифодабарандагони маълумотҳои оморӣ 942 адад гузоришҳои ҳармоҳа оид ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, маҷмӯаҳои омории соҳавӣ ва бюллетенҳо фиристонида шуданд.

Чӣ тавре ба ҳамагон маълум аст Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои протоколи маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2020, №14, супоришҳои Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 январи соли 2021, “22/10-641(5) ва аз 15 январи соли 2021, №30/10-10, вобаста ба иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, аз 30 сентябри соли 2019, № 1356”, ҷиҳати  дар сатҳи баланд гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020, дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот аз 1 то 15 октябри соли 2020 барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили ҷумҳуриро гузаронид.

Дар асоси нақшаи тақвимии корҳои тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили марҳилаи соли 2020, мақомоти омори ҷумҳурӣ корҳои ҷобаҷогузории маводҳои коғазии барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил бо усули анъанавиро  то 1 январи соли 2021 ба анҷом расонида, ба корҳои коркарди маводҳо оғоз намуданд.

Сипас дар давоми ҷаласа ҳисоботи роҳбарони мақомоти омори маҳаллӣ шунида шуда, аз ҷониби роҳбарияти Агентӣ ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолият дастуру тавсияҳои судманд дода шуданд. 

Аз рӯи масъалаи дуюми рӯзнома “Дар бораи рафти таҳияи руйхати электронии хонаводаҳо барои таъсиси низоми интихоби муттамарказ барои таҳқикотҳои хоҷагии аҳолӣ дар соҳаи кишоварзӣ” ҳисоботи Убайдуллозода Ю. – сардори раёсати омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зисти Агентӣ шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Сардори раёсати омори демографӣ, шуғли аҳолӣ ва иҷтимоии Агентӣ Ҷурабойзода З вобаста ба масъалаи сеюми рӯномаи маҷлис “Дар бораи рафти иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи таъмин намудани мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ» аз 31 майи соли 2018, №291 ва гузариш ба китобҳои электронии хоҷагии хонаводаҳо” баромад намуд.

Сипас намояндагони вазорату идораҳо вобаста ба ҳамкориҳо бо Агентии омори назди Прездиенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бобати ҳамкориҳои пайваста ҷиҳати пешниҳоди ҳисоботҳо ианиқу дақиқи оморӣ фирку мулоҳизаҳои худро баён бошанд.

Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Гулнора Кенҷа доир ба иҷрои саривақтии Барномаи корҳои оморӣ дар соли 2021 ва дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастур супоришҳои мушаххас доданд.

Нашр шудааст: 20.04.2021