Яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин танзими бозори меҳнат, раванди муҳоҷират, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, таълими касбии аҳолӣ ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати бо ҷойҳои муносиби корӣ таъмин намудани аҳолии қобили меҳнат ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 23 декабри соли 2022 зимни ироаи Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи то соли 2026 бо истифода аз тамоми имконият барои ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб кардани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва инчунин саросар соҳибкасб гардонидани аҳолӣ ба ниҳодҳои дахлдор супориш доданд.
Анҷоми босифат ва саривақтии ин супориши Пешвои миллат аз ниҳодҳои дахлдор масъулияти дучанд, касбияти воло ва садоқати бепоёро нисбат ба ин сарзамин ва мардумонаш тақозо менамояд.
Дар Паёми қаблӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастуру супориш дода буданд, ки «бо мақсади мусоидат ба ҳалли масъалаҳои шуғли аҳолӣ зарур аст, ки Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040, инчунин барномаҳои миёнамуҳлати татбиқи он қабул ва амалӣ карда шаванд».
Бояд гуфт, ки 28 майи соли 2022 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то давраи соли 2040» қабул гардид. Консепсияи мазкур аз панҷ самти калидии сиёсати миллӣ дар соҳаи шуғл ва ҳифзи иҷтимоӣ: васеъ намудани соҳаи шуғли пурмаҳсул; донишу малака, технология ва имконоти шуғли пурмаҳсул; рушди соҳибкорӣ ва ташкили ҷойҳои кории пурмаҳсул; ниҳодҳо ва барномаҳои бозори меҳнат ва шарикии иҷтимоӣ иборат аст.
Қобили зикри хос аст, ки тайи чанд соли охир дар баробари тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати бо шуғли доимӣ таъмин будани аҳолӣ, инчунин соҳибкорон ва дигар шахсони саховатпеша дар ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ ва бо ин роҳ таъмин намудани сокинони ноҳияҳои дурдасти кишвар бо ҷойи кор саҳми назаррас мегузоранд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ иброз доштанд: “...дар панҷ соли охир 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.
Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд.
Танҳо соли 2022-юм беш аз 500 коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ бо 6 ҳазор ҷойи нави корӣ ба фаъолият оғоз карданд ва барои то 43 миллиард сомонӣ афзоиш ёфтани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар соли 2022 мусоидат намуданд”.
Тибқи омори расмӣ дар Тоҷикистон шумораи қуввањои корӣ бо дарназардошти ањолии машғули кор ва бекорони расмї бақайдгирифташуда аз рўи бањои пешакӣ дар моњи феврали соли равон 2 миллиону 568,8 њазор нафарро ташкил додааст, ки аз ин шумора 2 миллиону 517,6 њазор нафар ё 98,0 фоизи шумораи умумии қувваҳои корӣ дар соњањои иқтисодиёт машғули коранд ва 51,2 њазор нафар расмї мақоми бекорро гирифтаанд, ки 2,0 фоизи шумораи қуввањои кориро ташкил медињанд.
Аз шумораи умумии аҳолии бо кор машғул шахсони дар рўйхатбудаи кироякорон дар корхонаҳои њамаи шаклҳои моликият дар моҳи феврали соли 2023-юм 1 миллиону 237,1 ҳазор нафар ѐ 49,1 фоизи шумораи умумии ањолии машғулро ташкил додааст. Шумораи дар рўйхатбудаи кормандони кироя дар моҳи феврали соли 2023 нисбат ба моҳи январи соли 2023-юм 0,6 фоиз зиѐд ва нисбат ба моњи феврали соли 2022-юм 0,9 фоиз зиѐд шудааст. Шумораи кормандони кироя дар намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши воқеї дар моҳи феврали соли 2023 нисбат ба моҳи феврали соли 2022-юм 1,1 фоиз зиѐд шуда, 690,0 ҳазор нафар ва аз рўи намудҳои фаъолияти иқтисодии бахши хизматрасонї 0,7 фоиз зиѐд шуда, 547,1 ҳазор нафарро ташкил дод.
Дар ташкилоту муассисањои ҷумҳурї ғайр аз кормандони расмӣ (штатӣ) қувваи корї дар шароити дуљоякорї ва дар асоси қарордоду шартномањои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқидошта истифода бурда мешавад. Дар моҳи феврали соли 2023 дар ин шароит 44,3 ҳазор нафар кор кардаанд, ки ин 3,6 фоизи шумораи љойҳои ишғолшудаи кориро ташкил медињад.
Шумораи ҷойҳои холии кор, ки корхонањо ба Агентии мењнат ва шуғли аҳолї дар охири моҳи феврали соли 2023 пешниҳод кардаанд, нисбат ба ҳамин давраи соли 2022-юм 44,4 фоиз зиѐд шуда, 18,8 ҳазор љойро ташкил додаанд, аз рўи касбҳои коргарї 48,7 фоиз зиѐд шуда, 7,5 ҳазор љойро ташкил кард (39,7 фоизи ҷойҳои холии корӣ). Нисбат ба моњи январи соли 2023 шумораи ҷойњои холии корӣ муроҷиаткардашуда 7,1 фоиз зиѐд шудааст. Сарборї ба як љои холии кори арзшуда 4,2 нафарро ташкил дод (дар моҳи феврали соли 2022-юм 6,1 нафар буд).
Иқтисоди Тоҷикистон рӯз ба рӯз ва ба таври тадриҷӣ рушду инкишоф меёбад ва дар соҳаҳои гуногуни истеҳсолӣ ҷойҳои кории нав фароҳам оварда мешаванд. Албатта, бо фароҳам намудани ҷойҳои нави корӣ имконият ба миён меояд, то шаҳрвандон бо кор таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии хешро беҳтар гардонанд. Аз ин хотир, дар шароити Тоҷикистон таъмин намудани аҳолӣ бо шуғли пурмаҳсул ҳамчун ҳадафи стратегии давлат эътироф шудааст. Дар Паём зарурати қабули барномаҳои соҳавию минтақавии таъмини шуғли аҳолӣ ва қабули барномаҳои миёнамуҳлати рушди шуғл ёдоварӣ шуд, ки метавонанд барои боз ҳам фарогиртар ва самараноктар шудани амалисозии ин ҳадафи стратегӣ заминаи мусоидро фароҳам созанд.