Имрӯз, 14 декабр вохӯрии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурмаҳмадзода Ҷамшед бо роҳбари мақомоти омори Ҳукумати Малайзия ҷаноби Моҳд Узир Маҳидин сурат гирифт.
Вохӯрии мазкур дар ҳошияи Ҷаласаи 19-уми Шўрои роҳбарикунандаи Донишкадаи омори Созмони Милали Муттаҳид барои давлатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, ки дар шаҳри Куала Лумпури Ҷумҳурии Малайзия баргузор гардида истодааст, анҷом дода шуд.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои оғози ҳамкориҳои дуҷониба байни мақомоти омори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти омори Ҳукумати Малайзия, табодули таҷриба дар самти ҷамъоварӣ, таҳлил ва паҳнкунии маълумотҳои оморӣ, фаро гирифтани мутахассисон барои омӯзиш дар Маркази омӯзишии омори Малайзия ва дигар масъалаҳои судманд баррасӣ гардиданд
Ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки аз рӯи тартиботи муайянгардида ҷиҳати расмӣ намудани ҳамкориҳо, меморандум оид ба ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расонанд.
-
Мавриди зикр, ки дар ин сафар вохӯрии Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарони мақомоти омори дигар давлатҳо ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ дар назар дошта шудааст.