22 ноябри соли 2023 дар Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шўрои байниидоравии омории назди Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа Роҳбарияти Агентии омор, дастгоҳи марказии Агентӣ, намояндагони вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, саноат ва технологияҳои нав, Бонки миллии Тоҷикистон, кумитаҳои давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, рушди сайёҳӣ, ҳифзи муҳити зист, хадамоти гумрук ва қӯшунҳои сарҳадӣ ширкат варзиданд.
Нахуст Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода ҳозиринро хайрамақдам гуфта, доир ба зарурияти баргузории ҷаласаи навбатии Шӯро суханронӣ намуд. Зикр гардид, ки дар рӯзномаи кори ҷаласа 7 масъала мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Сипас, аз ҷониби роҳбарони Раёсатҳои Агентии омор ба таври рӯнамоӣ доир ба масъалаҳои:
- Гузариши пурра ба Системаи ҳисобҳои миллӣ – 2008: ҳолати кунунӣ ва мушкилотҳои ҷойдошта;
- Раванди гузариши пурра ба ҳисоботи электронии оморӣ;
- Нишондиҳандаҳои Ҳадафҳои Рушди Устувор (ҲРУ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: дастовардҳо ва мушкилотҳо;
- Муаррифии низоми нави баҳисобгирии оморӣ оид ба қабул ва коркарди нахи пахта бо усули электронӣ бо истифода аз калиди электронӣ (токен);
- Такмили омори кишоварзӣ ва ҳифзи муҳити зист;
Ҷамъоварӣ, коркард ва ҷамъбасти ҳисоботи омории №1-санҷиш: мушкилотҳои ҷойдошта дар ин самт;
- Масъалаи ташаккули маълумоти оморӣ оид ба сайёҳӣ дар асоси маълумотҳои мақомоти Қушунҳои сарҳадӣ пешниҳод гардиданд.
Доир ба масъалаҳои зикргардида ва роҳҳои дурусти пешниҳоди маълумоти оморӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор пурсишу посух ва мубоҳисаҳои судманд баргузор гардид.