18 майи соли 2022 дар доираи татбиқи лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” вохӯрии намояндагони Бонки Ҷаҳонӣ ҷаноби Ҷон Брайнт ва хонум Гулрӯ Азамова, бо намояндагони Лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” ва лоиҳаи “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ инчунин, ҷаноби Таррик Ашраф мутахассис оид ба рушди иҷтимоии Бонки ҷаҳонӣ ва хонум НасибаСаидова ассистенти Лоиҳаи Бонки ҷаҳонӣ бо таври маҷозӣ иштирок намуданд.
Мақсади вохӯрии мазкур шиносои бо мутахассисони ҳифзи муҳити зист ва рушди иҷтимоии лоиҳаи “ Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон”-и Агентии омор ва лоиҳоаи “ Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз”-и Кумитаи андоз буд.
Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ Ҳамоҳангсози лоиҳаи “Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” А. Бобизода оғоз намуда, ба вохӯрӣ ҳусни оғоз бахшид.
Бо пешниҳоди намояндаи Бонки ҷаҳонӣ ҷаноби Ҷон Брайтон мутахассисонилоиҳаҳо дар бораи вазъи имрузаи пешравии фаъолияти лоиҳаҳо ва фаъолияти худи мутахассисон оид ба ҳифзи муҳити зистдар бораи партовҳои электронӣ,ташкилотҳое, ки бо он сару кор мегиранд ва роҳҳои ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва ҳуҷатгузории он суханронӣнамуданд.
Дар рафти вохӯрӣ фаъолиятҳои то ин дам дар доираи татбиқи лоиҳаҳо дар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди иҷтимоӣ анҷомдодашуда қайд гардиданд.
Вобаста ба ин масъала мутахассисони лоиҳаҳои номбурдадар самти ҳифзи муҳити зист ва рушди иҷтимоӣмаълумотҳои мафассал ироа намуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ намояндагони Бонки ҷаҳонӣ аз корҳои дар самти мазкур иҷронамудаи лоиҳаҳои “Навкунии низоми миллии омор дар Тоҷикистон” ва “Амалиёт оид ба ислоҳоти андоз” изҳори қаноатманди намуданд.